ҲСДТ: Имкон надодан ба баргузории брифинг амали қаблан тарҳрезишуда аст


Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Амният Абдуланазаров аз

имкон надодан ба баргузории конфронси матбуотии

раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров субҳи имрӯз изҳори норозигӣ кард.

Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд, аммо як гурӯҳ занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Занони ба толор воридшуда раиси ҲСДТ-ро ба хоҳиши муташанниҷ сохтани вазъ дар кишвар, даъвати ӯ аз ҳама бобати муттаҳид шудан баҳри мубориза бо мақомоти раҳбарии кунунии ҷумҳурӣ муттаҳам карданд.

«Ман бар ин назарам, ки ин амали қаблан тарҳрезишуда аст, ки ба муқобили раиси ҳизби мо равона шудааст. Ҳамчунин далели аз ҷониби журналистони дар брифинг ҳузурдошта шинохта шудани чанде аз «занони фаъол», ки дар

маъракаи алайҳи озодии Абдумалик Абдуллоҷонов

дар назди сафорати ИМА иштирок карда буданд, низ ба ин далолат мекунад», – гуфт А.Абдулназаров.

Ба қавли муовини раиси ҲСДТ, конфронси матбуотӣ ба вақти дигар гузаронида шуда, он метавонад вохӯрии мустақим бошад ё Раҳматилло Зойиров тавассути шабакаи иҷтимоӣ бо журналистон суҳбат мекунад.

Айни замон телефони раиси ҲСДТ дастнорас аст. Имрӯз зимни ором кардани занон Зойиров ба онҳо изҳор кард, ки «шумо вазифаи худро иҷро намудед, акнун сари миз нишаста, ба суханони ӯ гӯш биандозед», аммо занон талаб карданд, ки брифинг таъҷилан қатъ карда шуда, ҳозирин пароканда шаванд ва дар ниҳояти кор онҳо ба ин муваффақ шуданд.

Гузашта аз ин, ҳангоме ки Зойиров ба берун баромад, занҳо ӯро ҳамроҳӣ карда, имкон надоданд, ки бо журналистон суҳбат кунад.

spot_imgspot_img

Популярное