Дасткашии ТВ аз Бобои Барфӣ ва Барфак дар барномаҳои солинавӣ

ASIA-Plus


Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз персонажҳои афсонавии Бобои Барфӣ ва Барфак ва ҳамчунин ороиши Арчаи солинавӣ ба ин муносибат дар барномаҳои идонаи солинавӣ даст мекашанд.

Муовини аввали раиси Кумитаи телевизиону радио Саидалӣ Сиддиқов ин маълумотро тасдиқ намуда, дар ин робита изҳор дошт, ки наворбардории барномаҳои солинавӣ аллакай оғоз гардида, вале дар он ба арчаву зебу орои он ва Бобои Барфиву Барфак, ки «ҳарчанд ин ҳеҷ бадие надошта бошад ҳам», таваҷҷуҳи зиёд зоҳир нахоҳад шуд, зеро ин расму русум ва қаҳрамонҳои афсонавӣ ба анъанаҳо миллии тоҷикон созгор нестанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар барномаҳои солинавӣ тасвирҳои зебову марғуби зимистон, барф, пешвози Соли нав, мусиқиву суруд, дархостҳои солинавӣ ва оростани мизи солинавӣ бидуни машрубот намоиш дода хоҳад шуд. «Дар ин бора «аз боло» ҳеҷ фармоише нашуда, раҳабрияти шабакаҳои телевизионӣ ба чунин хулоса омаданд ва кумита онро маъқул шуморид», – иброз дошт ӯ.

Оростани арча қабл аз фарорасии Соли нави масеҳӣ ба як қисмате аз мардуми тоҷик расм шудааст, вале ахиран дар остонаи Соли нави масеҳӣ роҷеъ ба бегона будани ин ҷашн барои ҷомеаи Тоҷикистон сарусадоҳо баланд мешаванд.

Соли гузашта муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз шаҳрвандони кишвар длаъват ба амал овард, ки аз хароҷоти зиёдатӣ дар ин ид худдорӣ намуда, ба ниёзмандону оилаҳои камбизоат кумак расонанд.

Бо вуҷуди ин, фарорасии Соли нав дар Тоҷикистон расман рӯзи ид шуморида мешавад. Ҳамасола сарвари давлат тариқи телевизион мардумро бо ин ҷашн табрик мекунад. Имсол дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта мешавад, ки баландиаш 22 метрро ташкил медиҳад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...