Бурси 5 млн. еврои KfW ҷиҳати таҷдиди нерӯгоҳи хурд дар дарёи Оқсу

ASIA-Plus


Мутобиқи аҳдномаҳои қаблан мувофиқашудаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) байни Бонки олмонии рушд (KfW), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир («Помирэнержи») баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, шартномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Директори кулли ширкати «Помирэнержи» Далер Ҷумъаев ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки кумаки навбатӣ ба барномаи бахши энергетикӣ «Таҷдиди НБО-и хурд дар дарёи Оқсуи ноҳияи Мурғоб» дар ҳаҷми 5 млн.евро ҷудо карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи барнома дар назар аст, ки истеҳсоли нерӯи барқ зиёд хоҳад шуд, яъне иқтидори нерӯгоҳ дар давраи зимистон панҷ маротиба ва мавсими тобистон се маротиба афзун мегардад. Ҳамчунин, он имконият медиҳад, ки аҳолии минтақа ба муддати 7 моҳ дар як сол бо нерӯи барқ  мунтазам таъмин карда шаванд. Бо назардошти он ки мавсими гармидиҳӣ дар ноҳия 9 моҳро ташкил медиҳад, чунин нишондод вазъи некӯаҳволии аҳолии маҳаллиро хеле беҳтар менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...