Маблағи иловагии БИР баҳри беҳбуди низоми таъминоти об дар Душанбе

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ якдилона Созишномаи иловагии қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки дар замимаи иловагӣ ба созишнома амалисозии марҳилаи чоруми лоиҳа пешбинӣ шудааст.

«Маблағи лоиҳа 2,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, қарзи Бонки исломии рушд бо 2,5%-солона ба 2,1 млн. доллари ИМА баробар аст. Муҳлати пардохти қарз 25 сол аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 ҳазор доллари ИМА ба лоиҳа саҳмгузорӣ мекунад», – иброз дошт Нуралиев.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия, айни замон дар бахши таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 9 лоиҳа ба маблағи умумии 124 млн. доллари ИМА дар ҷумҳурӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...