Боздиди намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказӣ аз АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Бунафша Одинаева дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад,  муфассал нақл карда, […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ Бунафша Одинаева бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, Бунафша Одинаева дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад,  муфассал нақл карда, меҳмони олиқадро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд.

Муовини Директор  саҳми барномаҳои амаликунандаи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо, ба монанди БОМКА ва КАДАП дар таъмини амнияти сарҳадот ва паст намудани талабот ва пешниҳоди маводи нашъаовар қайд намуда,  ба онҳо баҳои баланд дод.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Нақшаи амалии Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирии паҳнкунии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ барои солҳои  2014-2020 баррасӣ гардид.

Хонум Патрисия Флор ба масъалаҳои муҳокимагардида таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, изҳор кард, ки барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, баҳои баланд доданд ва изҳори умед карданд, ки ин ҳамкориҳо минбаъд ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.