Имзои Ёддошти тафоҳум миёни ВКХ Тоҷикистону Финландия

Рӯзи 13-уми декабри соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финландия оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Финландия барои солҳои 2014-2017 баргузор гардид. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, онро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ […]

ASIA-Plus


Рӯзи 13-уми декабри соли 2013 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финландия оид ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Финландия барои солҳои 2014-2017 баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, онро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Финландия Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Никлас Линдквист ба имзо расониданд.

Ба иттилои манбаъ, санади мазкур самтҳои асосии ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финландия дар чаҳорчӯбаи барномаи рушди ҳамкорӣ барои солҳои 2014-2017 муайян мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки баъд аз маросими ба имзорасонӣ мулоқоти дуҷониба барпо гардид. Дар вохӯрӣ тарафҳо қаноатмандии худро роҷеъ ба муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Финляндия изҳор намуда, умедвории худро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.