Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки нимаи аввали имрӯз Дмитрий Мезентсевро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон дабири кулли СҲШ бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ масоили марбут ба нишасти сарони СҲШ дар Душанбе ва раёсати Тоҷикистон дар Созмон давоми солҳои 2013-2014-ро баррасӣ хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки давоми ин давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ баргузории зиёда аз 36 чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар назар аст.
Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд.



