Истеъфои 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони кишвар

Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд. Собиқ раисони ввилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд. Ҳамчунин собиқ раиси Академияи […]

ASIA-Plus


Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони ввилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва узви МММО ҶТ Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

Ҳамаи вакилони аз сафҳои МММО ҶТ хориҷшуда бо ифтихорномаҳои палатаи болоии парлумон сарфароз гардонида шуданд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар муддати се моҳ интихобот ба ҷойи аъзои хориҷшудаи МММО ҶТ-ро баргузор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.