Зиёиён ба ҳимояти Зайд Саидов садо баланд карданд

spot_imgspot_img

Дата:


Арбобони намоёни илму фарҳанг ва шахсиятҳои шинохтаи ҷомеа Тоҷикистон бо дархости мусоидат ба ҳалли одилонаи қазияи соҳибкор Зайд Саидов ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд. Зери муроҷиат, ки имрӯз, 17-уми декабр тариқи ВАО мунташир шуд, шоир ва нависанда Муъмин Қаноат, шоира Гулрухсор Сафиева, академик Мӯсо Диноршоев ва собиқ президенти Акдемияи улуми Тоҷикистон Мамадшо Илолов имзо гузоштаанд.

Дар зер матни муроҷиатномаи онҳоро манзуратон мегардонем.                          

«Мӯҳтарам Президент, бо истифода аз маврид Шуморо вобаста ба идомаи фаъолият табрик мегӯем ва аз ин масъулияти пуршараф ва ҳамзамон сангин, ки насибатон шуда, баҳрабардории боз ҳам бештареро барои мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон таманно дорем.

Умедворем сиёсате, ки тавонист мардумро ба ҳам орад ва сулҳу суботро дар кишвар таъмин созад, минбаъд низ барои осудагии мардум ва пешрафти кишвар мусоидат хоҳад кард. Бахусус ҳамон шеваи ин сиёсат, ки ҳадафаш дастгирии онҳоест вазъи рӯзгорашон нигаронкунанда, онҳое, ки таваҷҷӯҳу дахолати Шуморо илоҷи ҳалли мушкилоташон медонанд.

Муроҷиати мо низ сари ҳамин мавзӯст ва манзурамон тақдири Зайд Саидов аст, ки миёни мардум воқеан ҳам маъруфияту маҳбубиятеро соҳиб гаштааст, маҳбубиятеро, ки дар ҷомеа танҳо бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ метавон дарёфт намуд. Саҳме дорад назаррас дар раҳоии мардум аз вартаи ҷанг. Шахсест муваффақ дар ҷодаҳои мухталифи фаъолият, бағоят хоксор, ғамшарики одамон, маърифатпарвар, дорои нангу номуси миллӣ, ҳиммату саховаташ ибратомӯз.  Фаъолияти давлативу ҷамъиятиаш ифодаи садоқат ба сиёсати эҷодкоронаи Шумост ва бо пайравӣ аз ин сиёсат ба хотири ободии кишвару беҳбудии мардум корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Бунёди як силсила бинову иншоот, ки маҷмааи «Душанбе-плаза» аз зумраи онҳост, далели ин гуфтаҳост. Дар қатори аввалин нафарони баномуси миллат буд, ки аҳолии аз сел зарардидаи Кӯлобро бо манзили иқомат таъмин кардаанд, тариқи хариди саҳмия ҷонибдориашонро аз иқдоми бағоят муҳими тақдирсози Шумо бобати бунёди Нерӯгоҳи Роғун собит намудаанд.

Нафарест, ки дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии мактабу маориф, мусоидат барои таҳсил ба сокинони кӯҳистон ва табақаҳои осебпазири мардум пешсаф буд. Чунончи, ҷиҳати таъмини ҳарчи бештари баҳрабардории мардум аз барномаи таҳсил бо квотаи Президентӣ чанде аз духтарони кӯҳистонии толибилмро дар пойтахти кишвар бо манзили зист таъмин намуд ва ба онҳо ёрии моддӣ мерасонд. Имрӯз ин бонувон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Масоили марбут ба рушди варзиш низ дар мадди назари мавсуф қарор дошт. Бо дастгирии ӯ Федератсияи тенниси мамлакат аз нав эҳё шуд, варзишгарони ин соҳа ба мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Мусоидат барои шароити муносиби тамрину варзиш ва таъмини моддии варзишгаронро пурра ба ӯҳда дошт.

Итминон дорем ташаббуси таъсиси  ҳизби «Тоҷикистони нав» низ идомаи ҳамон мантиқ аст. Яъне ҳадафаш тақвияти кӯшишу талошҳост ба хотири пайравиву дастгирии сиёсати Шумо тавассути фаъолияти сиёсии дастҷамъонаи нафарҳое, ки малакаву маҳорати хуби тахассусӣ доранд.  

Президенти мӯҳтарам, то он даме, ки сару садоҳо мавриди қазияи номбурда бо истифода аз далелҳое, ки барои дарки моҳияташон мантиқи оддӣ кофист, баланд нашуд, бо эътимод ба расмиёти мақомоти марбута, аз вокуниш худдорӣ кардем. Вале вазъ вобаста ба ҷузъиёти моҷаро, мутаассифона, таскинбахш нест. Зайд Саидов модарзод нуқси ҷисмонӣ дорад, вазъи саломатиаш низ, то ҷойе медонем, чандон хуб нест. Азобу азияту маҳрумиятҳое, ки қариб ҳафт моҳ нисбаташ раво дидаанд, барои саломатиаш, барои зисташ хатару оқибати ногувори бебозгашт доранд. Ва аз ҳама муҳим, хислатҳои ҳамидаву волои ахлоқӣ, ки боиси муҳаббати мардум ба ин шахс шудаанд, собиқаи буду бошаш, ки самараи он фақат некист ба дигарон, созандагиву ободкорист, ҳиммат асту саховат, худ далели он аст, ки ин гуна афрод ҳаргиз наметавонад ба амалу кирдори нангине даст бизанад, ки имрӯз мақомот мехоҳанд муттаҳамаш донанд.  

Итминон дорем ҷуз дахолати мустақими Шумо ба қазия илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст. Барои тақвияти хулоса метавонем бигӯем, ки ҳама гуна иддао, таънаву маломат, шубҳаву гумон унвонии ин фард, ки ба санҷишу тафтиш вобастагие доранд, маҳбубияти ӯро миёни мардум коҳиш надодаанд, гузашта аз ин муносибати хайрхоҳонаи рӯзафзуни одамон ба тақдираш ҳарчи бештар мушоҳида мешавад. Ва Худо накарда ҳалли моҷарои ба сари ин мард омада ноодилона сурат гирад ва чун рамзи бедодгарӣ муаррифӣ шавад.

Эҳтиромона хоҳиш дорем мавзӯи муроҷиати мазкурро лоиқи таваҷҷӯҳ арзёбӣ кунед ва барои ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои волоятон мусоидат намоед».

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...