Чор медали паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии кураш

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии кураш миёни калонсолон, ки аз 12 то 16-уми декабр дар шаҳри Истамбули Туркия доир гардид, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Саидҷалол Саидов (вазни то 81 кило) ва Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) ба медалҳои тиллои мусобиқот ноил гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш […]

Аваз Юлдошев


Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии кураш миёни калонсолон, ки аз 12 то 16-уми декабр дар шаҳри Истамбули Туркия доир гардид, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Саидҷалол Саидов (вазни то 81 кило) ва Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) ба медалҳои тиллои мусобиқот ноил гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар дод, дар қувваозмоии финалӣ Саидов паҳлавони ӯзбек Бектош Сафаров ва Устопириён гӯштигири эронӣ Алӣ Муҳаммадниёро шикаст додаанд.

«Ғайр аз ин, гӯштигирони тоҷик Исмоил Боймуродов (вазни то 66 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (вазни беш аз 100 кило) медалҳои нуқраи мусобиқотро ба даст оварданд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш миёни занону мардон дар Туркия намояндагони беш аз 50 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.