Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёт тӯли як шабонарӯз

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзи 15-уми декабьри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Маҳмадалӣ Абдураҳмонови 20-сола, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Гипрозем ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Халиф»-и пойтахт, аз […]

ASIA-Plus


Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзи 15-уми декабьри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, 5 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Маҳмадалӣ Абдураҳмонови 20-сола, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Гипрозем ба самти кӯчаи Фирдавсӣ, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Халиф»-и пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Руслан Салимови 25-сола, сокини ш.Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Мамадназир Назриеви 24-сола, сокини ш.Хоруғ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, пиёдагарди ноболиғ Носир Офаридаеви 10-сола, сокини н.Рӯшонро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдукарим Шарифови 49-сола, сокини н.Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Боггаӣ ва Дендистони ноҳияи Муъминобод, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада, чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина шаҳрванд Момагул Сафаралиеваи 33-сола, сокини ш.Кулоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур шаҳрванд Шаҳло Шарифоваи 24-сола, сокини н.Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-3285-Микроавтобус» Хӯҷаев Нуралии 62-сола, сокини н.Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди самти деҳаи Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдукарим Юсупови 48-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдгард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.