Таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласаи комиссия доир гардид, ки дар он санаи баргузории интихоботи вакилон ба ҷойи вакилони хориҷшудаи ҳарду палатаи парлумон муайян карда шуданд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 15-уми феврал таъин карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр дар робита ба раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин шудани Махфират Хидирова, ки ба ҳайати МНМО ҶТ мувофиқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ шомил гардида буд, ваколатҳои ӯ дар Маҷлиси намояндагон қатъ гардиданд. Вакили дигари МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова низ ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ваколатҳояш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид.
Дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ дар фурсати наздиктарин бояд ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро супорад. Маҳмадалиев моҳи феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Бохтар вакили МНМО ҶТ интихоб шуда, узви фраксияи ҲХДТ дар парлумон буд.
Собиқ раисони ввилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.
Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва узви МММО ҶТ Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.



