Вазири корҳои хориҷӣ сафирони Чину Русияро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 17-уми декабри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти депатаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитойро таъкид намуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо […]

ASIA-Plus


Рӯзи 17-уми декабри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти депатаменти иттилооти ВКХ ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ дастовардҳои назаррас ва сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитойро таъкид намуда, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Ҳамзамон мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои сиёсиву иқтисодии байналмилалӣ дар ояндаи наздик дар қаламрави ду кишвари дӯст мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҳамчунин ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳарду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла қайд карданд, ки раванди таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ идома ёфта, минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҷиҳати амалисозии қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада сурат хоҳанд гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.