С.Аслов сафирони Британия ва Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт

Рӯзи 19 декабри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Робин Орд-Смитро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълуомти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сафири Британияи Кабир Вазири корҳои хориҷиро бинобар таъин гардиданаш ба ин вазифа табрику таҳният гуфта, муваффақиятҳо дар адои фаъолияти кориаш таманно […]

ASIA-Plus


Рӯзи 19 декабри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Робин Орд-Смитро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълуомти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сафири Британияи Кабир Вазири корҳои хориҷиро бинобар таъин гардиданаш ба ин вазифа табрику таҳният гуфта, муваффақиятҳо дар адои фаъолияти кориаш таманно кард.

Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи хуби ҳамкориҳоро миёни ду кишвар қайд намуда, изҳори умедворӣ аз рушди минбаъдаи онҳо кард. Вазир таваҷҷуҳи мусоҳибро ба зарурати густариши алоқаҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ва инчунин ба сармоягузории соҳаҳои афзалиятноки кишвар ҷалб намуд. Вазир аҳамияти ҳамкориҳо ва саъю талошҳои муштаракро оид ба Афғонистон қайд кард.

Дар навбати худ, Сафири Британияи Кабир Орд-Смит вазъи муносибатҳои дуҷонибаро баланд арзёбӣ намуда, изҳори ҳамфикрӣ ба нуқтаи назари Вазири корҳои хориҷӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ намуд.

Мусоҳибон инчунин масъалаҳои ҳамкории ду давлатро дар чаҳорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.

Худи ҳамин рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.