Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба санаи аввали моҳи декабри соли равон нашр кард.
Бино ба маълумоти Хадамот, ба санаи 2-юми декабри соли 2013 аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 112 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 926 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 185 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.
Дар муқоиса бо маълумоти аввали моҳи ноябр шумори шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба миқдори 34 ҳазор нафар коҳиш ёфта, шумори мардон 36 ҳазор нафар кам шудааст, вале шумори муҳоҷирзанони тоҷик дар ин давра 2 ҳазор нафар афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳудуди 910 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% зиёдтар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Дар ин давра тақрибан 683 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар рахти сафар бастаанд, 38,8 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 29% камтар аст.



