Афзоиши шумори муҳоҷирзанони тоҷик дар Русия

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба санаи аввали моҳи декабри соли равон нашр кард. Бино ба маълумоти Хадамот, ба санаи 2-юми декабри соли 2013 аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 112 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 926 ҳазор […]

ASIA-Plus


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба санаи аввали моҳи декабри соли равон нашр кард.

Бино ба маълумоти Хадамот, ба санаи 2-юми декабри соли 2013 аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 112 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштаанд, ки тақрибан 926 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 185 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.

Дар муқоиса бо маълумоти аввали моҳи ноябр шумори шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба миқдори 34 ҳазор нафар коҳиш ёфта, шумори мардон 36 ҳазор нафар кам шудааст, вале шумори муҳоҷирзанони тоҷик дар ин давра 2 ҳазор нафар афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳудуди 910 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% зиёдтар аст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Дар ин давра тақрибан 683 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар рахти сафар бастаанд, 38,8 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 29% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.