Мақоми 114-уми дастаи Тоҷикистон дар рейтинги соли 2013-и ФИФА

Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги ахири дастаҳои миллии футболи ҷаҳон дар соли 2013-ро интишор кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон бо касби 286 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2013 се […]

ASIA-Plus


Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги ахири дастаҳои миллии футболи ҷаҳон дар соли 2013-ро интишор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон бо касби 286 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор дорад.

Соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2013 се вохӯрӣ (Покистон – 1:0, Макао – 3:0 ва Қирғизистон – 0:1) ва ҳамчунин се вохӯрии дӯстона (Афғонистон – 3:2, Ҳиндустон – 3:0 ва Қирғизистон – 4:1) анҷом дод.

Миёни 46 дастаи қораи Осиё Тоҷикистон зинаи 15-ум ва дар байни дастаҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ мақоми 11-умро ишғол карда, аз дастаҳои Латвия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон пешсаф аст.

Дар зинаҳои аввали рейтинги ФИФА дастахои мунтахаби футболи Испания, Олмон ва Аргентина қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.