Санаи 20 декабри соли 2013 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эдуард Ауэр баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози вохӯрӣ ҷаноби Ауэр ба С.Аслов ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаи нави баланд муборакбод гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндаи дипломатӣ бурдбориҳо таманно намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои ислоҳоти дохилии ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, идораи захираҳои об ва муҳити зист, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ инчунин, вазъият дар Афғонистон ва минтақаро мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, Вазири корҳои хориҷӣ ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо таъсиси гуруҳи кории муштарак иборат аз намояндагони мақомоти дахлдори ҷонибҳо доир ба коркарди таҳияи Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кард.
Ҷонибҳо бори дигар таъкид намуданд, ки ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон босуръат рушд ёфта истодаанд ва онҳо ин гуна шарикиро баланд арзёбӣ менамоянд.



