Пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси миллӣ то 15-уми январ идома меёбад

Маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда то 15-уми январи соли оянда идома меёбад. Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маъракаи интихоботии ба санаи 15-уми феврал таъиншуда дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии ҷумҳурӣ доир […]

Аваз Юлдошев


Маъракаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда то 15-уми январи соли оянда идома меёбад.

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маъракаи интихоботии ба санаи 15-уми феврал таъиншуда дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии ҷумҳурӣ доир мегардад. «Ҳамагӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда мешавад, ки дар онҳо 9 нафар аъзои нави палатаи болоии парлумон интихоб мегарданд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва узви МММО ҶТ Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, КМИР то ҳанӯз санаи баргузории интихобо ба ҷойи ваиклони аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хориҷшуда Марҳабо Ҷабборова ва Амирбек Маҳмадалиевро муқаррар накардааст.

Вакили МНМО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Сомонии шаҳри Душанбе, узви фраксияи ҲХДТ Марҳабо Ҷабборова ахири моҳи ноябр бинобар сабаби таъин шуданаш ба мансаби муовини нахуствазир аз ваколатҳояш дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардид. Дар робита бо фармони президенти мамлакат бобати ба вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин шудани вакили палатаи поёнии парлумон Амрибек Маҳмадалиев, ӯ низ ваколатҳои худ дар МНМО ҶТ-ро меспорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.