Ёддошти эътирози ВКХ Тоҷикистон ба сафорати Русия


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматшоев Ш.М., ки ҷасади сар аз тан ҷудокардаи ӯ бо ҷароҳатҳои зиёди кордӣ дар ҷанубу ғарбии Москва (26 декабри соли 2013) пайдо карда шуд, ба Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ёддошти эътирозӣ супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ҷониби Тоҷикистон қотеъона талаб мекунад, ки бо мақсади муайян кардан ва ҷазо додани шахсони гунаҳкори ин куштор бетаъхир тафтишоти беғараз ва холисона гузаронида шавад.

Ҳамчунин дар мавриди ин қазия Тоҷикистон нисбат ба бегонаситезӣ (ксенофобия) ва миллатгароие, ки вақтҳои охир бештар дар воситаҳои ахбори оммаи алоҳидаи Россия ба назар мерасад ва аз ҷониби қисми аҳолии он кишвар, ки назари иртиҷоӣ (радикал) доранд, дастгирӣ меёбад, нигаронии шадид ва изтироб баён кардааст.

Изҳори таассуф карда мешавад, ки баъзе аз ходимони ҷамъиятии Россия ба таблиғоти бегонаситезӣ (ксенофобия), ки натиҷаи он чунин ҷиноятхои мудҳиш мешаванд, бетафовутӣ зоҳир менамоянд.

spot_imgspot_img

Популярное