Ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сокини маҳаллӣ Иномхӯҷа Зикриёеви 23-сола муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки нимаи рӯзи 2-юми январ шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум рабудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт ноболиғ Султонов Абдусаттор Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи зикргардида дастгир карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



