Омодагирии ҲХДТ ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли гузашта

Таҳти роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ҷаласаи машваратии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳ бо дарназардошти таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, бурду бохт, натиҷаи иштироки ҲХДТ дар интихоботи баргузоршудаи президентӣ ба таҳияи ҳисоботи солона вазифадор карда шуданд. Ба иттилои […]

ASIA-Plus


Таҳти роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ҷаласаи машваратии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳ бо дарназардошти таҳлили фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, бурду бохт, натиҷаи иштироки ҲХДТ дар интихоботи баргузоршудаи президентӣ ба таҳияи ҳисоботи солона вазифадор карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ин нақшаи чорабиниҳо оид ба омода ва баргузор намудани маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ тасдиқ гардида, қарор карда шуд, ки ҳисоботи фаъолияти солонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷаласаи Раёсат шунида шуда, шӯъбаҳои Дастгоҳ, нашрияи “Минбари халқ” ва дигар масъулин супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Гуфта мешавад, инчунин ба Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҷлили 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилачорабиниҳои ватандӯстиро миёни ҷавонон баргузор намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар фароварди ҷаласаи машваратӣ таъкид гардид, ки бояд тамоми самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли равон бояд ба сазовор таҷлил намудани 20-солагии ҲХДТ ва Анҷумани ҳисоботӣ-интихоботӣ нигаронида шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.