Назари коршиносон оид ба додани имтиёзи андозӣ ба корхонаҳо

spot_imgspot_img

Дата:


Ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ имтиёзи андозӣ додан то як андоза ба афзоиши теъдоди корхонаҳои хурду миёна мусоидат мекунад, аммо хатар ба қисмати даромади буҷет аст. Ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Исмоил Талбаков дар суҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” иброз дошт.

Номбурда афзуд: “Ба ҳар як субъекти истеҳсолӣ имтиёзи андозӣ додан то як андоза ба афзоиши теъдоди корхонаҳо дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳо ба нарху наво дар бозор таъсири мусбат мерасонад. Лекин ҳамаи корхонаҳои хурду миёнаро аз андоз озод кардан хатар ба қисмати даромади буҷет аст. Ҳамчунин имконияти пардохтҳои иҷтимоии давлат коҳиш меёбад. Аз ин хотир ба он корхонаҳое, ки дар оянда метавонанд ба афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва зиёдшавии ҷойҳои корӣ мусоидат кунанд, метавон имтиёзи андозӣ дод. Корхонаҳои соҳаи паррандапарварӣ аз он ҷиҳат бартарӣ доранд, ки талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштӣ ва тухмро то андозае таъмин мекунанд”.

Талбаков дар ин бора баъд аз додани имтиёзи андозӣ ба корхонаи паррандапарварӣ дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ибрози назар кард ва гуфт, ки аз андоз озод шудани ин корхона ба хотири ворид кардани технологияи нав мебошад.

Охири моҳи декабри соли 2013 ҳукумати ҷумҳурӣ ба Маҷлиси намояндагон дар мавриди аз андоз озод кардани корхонаи парвандапарварии ҶДММ “Беҳамто” дар ноҳияи Ёвон, ба хотири ворид кардани технологияҳои нав пешниҳод ирсол кард. Маҷлиси намояндагон дар навбати худ ин пешниҳодро баррасӣ карда, корхонаи мазкурро аз андоз озод сохт. Соли гузашта ба ширкати “Asian Express” низ аз ҷониби Парлумон имтиёзи андозӣ дода шуд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон ба он корхонаҳое имтиёзи андозӣ дода мешавад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Исмоил Талбаков гуфт, ки феълан шароити таъсиси корхонаҳои хурд дар Тоҷикистон беҳтар шудааст. Қаблан барои таъсиси як корхонаи хурд тақрибан иҷозати 10-15 идораи мақомоти давлатиро гирифтан лозим буд. Аммо баъд аз таъсиси “Равзанаи ягона” ин масъала то андозае ҳалли худро ёфт ва соҳибкорон метавонанд дар давоми 3-4 рӯз иҷозатномаи фаъолиятро гиранд.Дар баробари ин, то соли 2005 барои гирифтани қарз аз ҷониби бонкҳо мушкилӣ эҷод карда мешуд, вале пас аз таъсиси ташкилоти маблағгузории хурд ин проблема аз байн рафтааст. Вай афзуд, ки феълан 240 ташкилоти маблағгузории хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки соҳибкорон метавонанд барои машғул шудан ба истеҳсолот аз ин ташкилотҳо қарз гиранд. Раванди гирифтани қарз муҳлати кӯтоҳро дар бар мегирад ва ин боис гаштааст, ки дар ду-се соли охир ҳудуди 1000 корхонаи хурд ба фаъолият оғоз кунад.

Ба назари Талбаков, дар самти таъсиси корхонаҳои хурд монеа камтар шудааст, фақат майлу хоҳиши мардум коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳанӯз ҳам монеаҳо барои таъсиси корхонаҳои нав зиёданд. Агар набудани нерӯи барқ як норасоии асосӣ бошад, мушкили умдаи дигар андозбандии аз ҳад зиёди корхонаҳост. Ба ақидаи ӯ, мардум барои таъсиси корхонаи хурд дар маҳалҳо ба монеаҳои бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Далели аслии дар маҳалҳо таваҷҷуҳ накардани мардум ба таъсиси корхонаҳои хурдро ин коршинос боз ҳам ба набудани барқ ва ҳамзамон фасод дар идораҳои маҳаллӣ марбут медонад.

Ба гуфтаи Зулфиқори Исмоилиён, вақте соҳибкор ба раиси ноҳия ё ҷамоат ба хотири таъсиси корхона муроҷиат месозад, онҳо бо чашми тамаъ назар мекунанд. Агар соҳибкор пора надиҳад, иҷозаи фаъолият ба ӯ дода намешавад.

Вай пешниҳод кард, ки имтиёзӣ андозӣ дода нашавад. Вале агар корхонаҳои хурду миёна ба муддати ду-се сол аз санҷишҳои бемаврид озод гарданд, бештар рушд хоҳанд кард. Ин боис мешавад, то дар оянда одамон ба таъсиси корхонаҳои хурду миёна зиёдтар таваҷҷуҳ кунанд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии худ бахшида ба соли нави 2014 идома додани дастгирии соҳибкории хурду миёнаро самти муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ унвон кард. Ӯ аз ин ҳисоб зарурати таъсиси ҷойҳои бештари корӣ дар Тоҷикистонро таъкид кард ва инро аз ҷумлаи вазифаҳои давлат дар соли нав номид.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...