Буҷети соли 2013-и ФФТ беш аз 4 млн. сомониро ташкил дод

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки буҷети федератсия барои соли 2013-ро манзури ҳамагон гардонад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, соли гузашта қисмати даромади буҷети федератсия ба 4 млн. 371 ҳазору 730 сомонӣ ва қисмати хароҷот ба 4 млн. 371 ҳазору 120 сомонӣ баробар шудааст. Гуфта мешавад, моддаи аз ҳама серхароҷоттарини буҷети федератсия ба […]

ASIA-Plus


Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки буҷети федератсия барои соли 2013-ро манзури ҳамагон гардонад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ФФТ, соли гузашта қисмати даромади буҷети федератсия ба 4 млн. 371 ҳазору 730 сомонӣ ва қисмати хароҷот ба 4 млн. 371 ҳазору 120 сомонӣ баробар шудааст.

Гуфта мешавад, моддаи аз ҳама серхароҷоттарини буҷети федератсия ба таъминоти дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ рост омадааст, ки 2 млн. 106 ҳазору 501 сомониро ташкил додааст.

Дар зер нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагидориву молиявии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2013-ро меорем.


Қисмати даромад:

– Барномаҳои кумаки молии ФИФА – 1 241 054 сомонӣ;

– Барномаҳои кӯмаки молии КФО – 1 303 900 сомонӣ;

– Кумаки сарпарастон – 1 002 250 сомонӣ;

– Аъзоҳаққии дастаҳои футбол – 735 577 сомонӣ;

– Даромад аз фурӯши билетҳо – 88 947 сомонӣ;


Ҳамагӣ – 4 371 730 сомонӣ.


Қисмати хароҷот:

– Хароҷот барои таъмини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон – 2 106 501 сомонӣ;

– Музди меҳнати кормандони ФФТ ва мураббиён – 844 818 сомонӣ;

– Пардохти андозҳо – 240 271 сомонӣ;

– Барои мусобиқот ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ – 381 999 сомонӣ;

– Хароҷот барои футболи кӯдакона ва оммавӣ – 250 595 сомонӣ;

– Рушди техникӣ – 154 288 сомонӣ;

– Хароҷоти маъмурӣ – 316 795 сомонӣ;

– Хароҷот барои маркетинг ва реклама – 75 857 сомонӣ;


Ҳамагӣ – 4 371 120 сомонӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.