Пас аз таваққуфи якмоҳа равуои автобусҳои ширкати Asian Express дубора барқарор шуд.
Аз ҶСК «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 30 адад автобуси мавҷуда алҳол 10-тоаш бо 6 хатсайр – аз Душанбе ба Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Шаҳритӯс, Восеъ ва Панҷ ба фаъолият оғоз намуданд.
«Пас аз санҷиши техникӣ равуои автобусҳо аз Asian Express Terminal шурӯъ шуд, вале макони истгоҳи онҳо корхонаи таксомотории №1 аст, ки дар қаламрави мавзеи Лучоб воқеъ аст. Тадриҷан дар автобусҳо таҷҳизоте гузошта хоҳад шуд, ки тавассути он мусофир аз дохили автобус билет дастрас карда метавонад», – гуфтанд дар ширкат.
Қаблан автобусҳо ба 12 самт ҳаракат мекарданд ва аз ширкат дар ин робита изҳор намуданд, ки тадриҷан тавассути ҳамаи хатсайрҳо равуо барқарор мешавад, вале самтҳои Душанбе-Ёвон ва Душанбе-Ҳисор барои ширкат худкифо ва даромадовар нестанд, ки ба қатъи ҳаракат дар ин самтҳо боис мегардад.
Зикр гардид, ки ширкат 40 автобуси тамғаи «MAN»-и истеҳсоли Олмонро дар ихтиёр дорад, ки 10-тоаш дар вилояти Суғд ва боқимонда 30-тоаш дар пойтахт фаъолият доранд.


