The Bank of Tokyo-Mitsubishi бо БМТ ҳамкорӣ карданист

Date:


Бонки бузургтарини Ҷопон The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan (UFJ) дар масъалаҳои ҷойгир кунонидани суратҳисобҳои асъорӣ ва рушди муносибатҳои муросилотӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чанде қабл намояндагони ин бонкҳо барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардида буд, мулоқот доир намуданд.

«Барои Тоҷикистон ин маънои онро дорад, ки боз яке аз бонкҳои бузурги ҷаҳон ба иқтисоди кишвар хизматгузорӣ пешниҳод менамояд. Ояндаи наздик бо ин бонк созишномаи ҳамкорӣ ба имзхо хоҳад расид», – хабар доданд аз БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз БМТ дар Бонки федералии захиравии Амрико, ВТБ Русия, «Коммерсбанк»-и Олмон, «Дойче банк»-и Олмон, «Межгосбанк»-и Русия ва ғайра суратҳисобҳои асъорӣ дорад.

The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan яке аз бузургтарин бонкҳои Ҷопон аст. Шабакаи байнулмилалии бонк дар 40 кишвари дунё намояндагӣ дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...