Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдорӣ оид ба танзими пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдори шаҳр ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба роҳ надодан ба истифодаи мусиқии бегона ба арзишҳои миллӣ ва инсонӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умуми шаҳр дастуру супоришҳо дод.
«Раиси пойтахт ба муовини худ Абдулҳақ Оев, раҳбарияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дод, ки баҳри муайян намудани ҳолати воқеии пахши садои мусиқӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умум рейдҳои муштарак доир намуда, ин масъаларо таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд», – иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳрдорӣ.


