Нотаи Қирғизистон ба ВКХ Тоҷикистон ва баста шудани марз

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқиша миёни хизматчиёни ҳарбии ҳарду ҷониби бо истифода аз силоҳи оташфишон ду номаи эътирозии расмӣ ирсол намуд. Дар эътирози худ ҷониби Қирғизистон аз амалҳои ғайриқонунии низомиёни тоҷик, ки аз сиолҳи оташфишон истифода карда, ба рух додани муноқиша […]

ASIA-Plus


Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқиша миёни хизматчиёни ҳарбии ҳарду ҷониби бо истифода аз силоҳи оташфишон ду номаи эътирозии расмӣ ирсол намуд.

Дар эътирози худ ҷониби Қирғизистон аз амалҳои ғайриқонунии низомиёни тоҷик, ки аз сиолҳи оташфишон истифода карда, ба рух додани муноқиша боис шудаанд, нигаронии шадид изҳор намуда, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тафтиши сабабҳои сар задани ин ҳодиса ва ҷалби гунахкорон ба ҷавобгарӣ даъват ба амал овардааст.

Дар нотаи эътирозии дигар Қирғизистон мақомоти Тоҷикистонро огоҳ месозад, ки то ба эътидол омадани вазъ тамоми гузаргоҳҳои марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби ин кишвар баста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом пазируфт, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.