Узвияти 60 нафар омӯзгори ҷавони Кӯлоб ба сафҳои ҲХДТ

Ахири ҳафтаи гузашта дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба 60 нафар ҷавонони довталаб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҷлиси ташкилоти ҳизбии ин шаҳр аз фаъолият дар соли 2013 натиҷагирӣ шуда, нақшаву вазифаҳо барои соли равон муайян карда шуданд. «Соли равон бо мақсади таблиғи […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба 60 нафар ҷавонони довталаб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҷлиси ташкилоти ҳизбии ин шаҳр аз фаъолият дар соли 2013 натиҷагирӣ шуда, нақшаву вазифаҳо барои соли равон муайян карда шуданд.

«Соли равон бо мақсади таблиғи васеъи сиёсати пешгирифтаи Раиси ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвият бахшидани робита бо зинаҳои поёнии ҳизб ва омодагиҳои ҷиддӣ гирифтан ба истиқболи 20-солагии ҲХДТ як силсила чорабиниҳо гузаронида мешаванд», – омадааст дар хабари сомонаиҲХДТ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҳамин ҳизбанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.