Ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон


Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи кумаки таъинотӣ (адресӣ)-и иҷтимоӣ» ва ворид намудани тағйироти илова ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Масоли баррасишуда бо қарори Шӯро ҷиҳати омӯзишу таҳлил ба кумита ва комиссияҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ ирсол гардиданд», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное