Вохӯрии соҳибкорони тоҷику рус дар Душанбе

Дар доираи баргузории ҷаласаи 12-уми комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе таҳти унвони «Муколамаи Русияву Тоҷикистон» конфронс ҷараён дорад. Дар кори конфронс зиёда аз 30 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Русия ва беш аз 40 нафар соҳибкорони тоҷик ҳузур дошта, аз ҳарду ҷониб намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла энергетикаву саноат, соҳаи истихроҷи […]

ASIA-Plus


Дар доираи баргузории ҷаласаи 12-уми комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе таҳти унвони «Муколамаи Русияву Тоҷикистон» конфронс ҷараён дорад.

Дар кори конфронс зиёда аз 30 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Русия ва беш аз 40 нафар соҳибкорони тоҷик ҳузур дошта, аз ҳарду ҷониб намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла энергетикаву саноат, соҳаи истихроҷи нафту газ, зербинои нақлиёт, алоқа ва ҳамчунин бахши бонкӣ ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти дастандаркорони конфронс, ҳадафи аслии баргузории конфронс таҳкими муносибатҳои корӣ миёни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, ҷалби сармоягузорӣ, дарёфти шарикон ва баррасии масоили ҳамкориҳои рӯзмарра ва самтҳои ояндадори он мебошад.

Дар конфронс ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим, сафир Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар низ иштирок доранд.

Аз рӯи натиҷаҳои конфронс имзои қарордодҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла миёни Пажуҳишгоҳи Вазорати накиёти ҶТ ва ҶСП КИ «Возрождение»-и Русия дар назар буда, ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорони кишварҳо доир мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат