Боздиди нахуствазир аз бозори сӯхтаи «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб

Дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 12-уми январ аз сӯхтор осеб дида буд, боздид кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири халамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов нахуствазирро бо рафти корҳои барқароркунӣ дар бозор шинос карда, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоб нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода аз бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, ки рӯзи 12-уми январ аз сӯхтор осеб дида буд, боздид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири халамоти матуботи президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов нахуствазирро бо рафти корҳои барқароркунӣ дар бозор шинос карда, таъкид дошт, ки бозор то таҷлили ҷашни Наврӯз пурра барқарор карда хоҳад шуд.

«Расулзода ба ҳукуматдорони маҳаллӣ дастур супориш дод, ки зимни барқарор кардани бозор ба ба масоили бехатарии зиддисӯхтор ва мутобиқати фурӯшгоҳҳо ба талаботи муосир ва санитарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир созанд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13-уми январ дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб

сӯхтор сар зада

, мағоза ва фурӯшгоҳҳои бахши савдои маҳсулоти саноатӣ ва мавриди ниёзи аввалияи мардум ба коми оташ рафтанд.

Тибқи арзёбии пешакии оташнишонон, сӯхтор майдони 3 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, 96 мағоза ва 382 фурӯшгоҳ ба коми оташ рафтанд. Дар хомӯш кардани сӯхтор аз 14 адад техникаи махсус, 4 автомашинаи обпошак, 2 пойгоҳи обкашӣ ва даҳҳо адад техникаи дигар истифода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат