Барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» овозхони эстрадаи тоҷик Зулайхоро дар ҳаҷми 4,4 ҳазор сомонӣ (900 $) ҷарима бастанд.
Қарори ҷаримабандиро суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои таҷлили ҷашни зодрӯзи овозхон дар яке аз тарабхонахои Душанбе содир намуд.
Муовини аввали раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Азизулло Мирзоев дар ин робита изҳор намуд, ки бо қарори суд сароянда Зулайхо Маҳмадшоева дар ҳаҷми 110 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст) ҷаримабандӣ шуд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин раҳбарияти тарабхонаи «Истаравшан», ки овозхон зодрӯзашро дар ҳамин ҷо таҷлил намуда буд, низ ҷаримабандӣ шудааст. Суди ноҳияи Фирдавӣ моликони тарабхонаро ба 100 нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ кард, ки 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимова низ барои ҷашни 60-умин солгарди зодрӯзаш дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд.
Мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маросими таҷлили ҷашни зодрӯз бояд дар доираи аҳли оила гузаронида шуда, шумори меҳмонон дар тӯйҳо то 150 нафар муқаррар шудааст. Ҳаҷми ҷарима барои риоя накардани ин муқаррарот метавонад аз 4 то 20 ҳазор сомониро ташкил диҳад.



