Чанде қабл дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Агибой Смагулов масоили ҷалби доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар ба фаъолияти муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисод, баргузори ҳамишҳои муштараки тоҷирон ва тақвияти тадбирҳо дар самти амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи соҳибкории хурду миёна баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои аз Тоҷикистон ба Қазоқистон содир кардани сабзавоту мева, асал ва хушкмева ва аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид намудани таҷҳизоту техника ва технологияи муосир, тухмии хушсифат ва баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳо табодули назар намуданд.
Сафир ба Шариф Саид дар бораи ҷараёни омодагии кишвараш ба Намоишгоҳи умумиҷаҳонии EXPO-2017 дар Остона таҳти унвони «Энергияи оянда» маълумот дода, Тоҷикистонро ба иштирок дар ин чорабинии бузург даъват кард.
Диплломати қазоқ ҳамчунин ба зарурати ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбеву Остона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин робита зикр кард, ки ин иқдом ба тақвияти ҳамкориҳо миёни доираҳои корӣ ва тиҷоратии кишварҳо мусоидат мекунад.



