Коҳиши ҳаҷми боркашонӣ ба иллати монеъаҳои Ӯзбекистон



Тайи чор соли ахир ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» беш аз чор маротиба коҳиш ёфтааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта тариқи роҳи оҳан зиёда аз 6,7 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 1,7 млн. тонна ва дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2009 – 7,8 млн. тонна камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, коҳиши ҳаҷми боркашонӣ ба монеъаэҷодкуниҳои гуногун ва сунъии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар ин самт марбут аст. «Ҳамчунин тӯли ин солҳо ҳаҷми боркашонии транзитӣ низ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, соли гузашта ҳаҷми он каме бештар аз 1,9 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 1,6 млн. тонна ва дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2009 – 7,1 млн. тонна камтар аст», – гуфт ӯ.

Сардори корхона зикр кард, ки соли гузашта ҳаҷми боркашонии худӣ нисбат ба соли 2012 ба миқдори 605 ҳазор тонна коҳиш ёфта, соли гузашта ба зиёда аз 4,8 млн. тонна баробар шудаанд. «Нисбат ба соли пешин ҳаҷми ҳамлу нақли содиротӣ дар соли гузашта ба миқдори 77 ҳазор тонна ва ҳамлу нақли воридотӣ – 544 ҳазор тонна кам шуданд», – қайд кард роҳбари корхона.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон низ кам мешавад. «Соли 2013 ба ҳудуди 510 ҳазор нафар мусофирон хиизмат расонида шуд, ки дар муқоиса бо соли 2012 қариб 44 ҳазор нафар камтар аст», – афзуд А.Ҳукуматулло.

spot_imgspot_img

Популярное