Таҳияи варақаҳои овоздиҳӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ

Рӯйхати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ки дар интихоботи ба рӯзи 15-уми феврал таъиншудаи аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, то пагоҳ аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо омода карда мешавад. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки варақаи овоздиҳӣ барои интихоби аъзои нави Маҷлиси милллии Маҷлиси Олии […]

Аваз Юлдошев



Рӯйхати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, ки дар интихоботи ба рӯзи 15-уми феврал таъиншудаи аъзои нави палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, то пагоҳ аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо омода карда мешавад.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки варақаи овоздиҳӣ барои интихоби аъзои нави Маҷлиси милллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 10 рӯз қабл аз санаи интихобот, яъне то 5-уми феврал нашр карда мешаванд.

Номбурда хотиррасон намуд, ки раисонп нави вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов, Шодихон Ҷамшедов ва ҳамчунин раисони шаҳрҳои Кӯлоб – Абдуғаффор Раҳмонов, Турсунзода – Бобоалӣ Табаров, директори генералии ҶСК «НОБ Роғун» – Хайрулло Сафаров, президенти Академияи илмҳои ҶТ – Фарҳод Раҳимов, раисон ноҳияҳои Дарвоз – Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Рӯшон – Худоёр Худоёров қаблан бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин кард.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафарро президент бо фармони худ таъин мекунад. Ғайр аз ин, собиқ президентҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки давоми тамоми умр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ин ҳуқуқи худ истифода мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.