Фурудгоҳи Душанбе қабули ҳавопаймоҳоро муваққатан маҳдуд кард



Шамоли шадид аз самти ғарб ба пойтахт ба маҳдуд шудани фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ФБД хабар доданд, айни замон парвози ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе боздошта шудааст.

«Барои парвоз аз фурудгоҳ маҳдудият вуҷуд надорад ва мо умедворем, ки тамоми ҳавопаймоҳои аз фурудгоҳи Душанбе парвозкарда мувофиқи ҷадвал ба нуқтаи таъинот мерасанд. То беҳтар шудани вазъи обуҳаво фурудгоҳ қабули ҳавопаймоҳоро муваққатан маҳдуд карда, айни замон дар бораи кай беҳтар шудани вазъи обуҳаво мо маълумот дар даст надорем», – гуфтанд дар фурудгоҳ.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти ҷадвали парвозҳо, имрӯз, 1-уми феврал қабули 16 ҳавопаймо дар ФБД дар назар буда, шабона 5 ҳавопаймо ба майдони ҳавоӣ нишастаанд. Парвози ҳавопаймоҳои дигар – аз Маскав, Хуҷанд, Алмаато, Новосибирск, Кобул, Оренбург ва Урумчӣ нимаи дуюми рӯз дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное