Содироти беш аз 5%-и барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон дар соли 2013

Соли 2013 ҳудуди 970 млн. кВт/соат нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба маблағи умумии 33,6 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар содир карда шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор 99,2% ба Афғонистон ва 0,8% ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон интиқол дода шудааст. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба Тоҷикистон дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли 2013 ҳудуди 970 млн. кВт/соат нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба маблағи умумии 33,6 млн. доллари ИМА ба хориҷи кишвар содир карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз ин миқдор 99,2% ба Афғонистон ва 0,8% ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон интиқол дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳамагӣ 21 млн. кВт/соат ба маблағи 211 ҳазор доллари ИМА нерӯи барқ ворид шудааст. Воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон баҳори соли гузашта, давраи ба камбуди шадиди барқ дучор шудани кишвар сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, ҳаҷми воқеъии талафоти он зиёда аз 2,5 млрд. кВсоат (15% аз ҳаҷми умумии истеҳсол)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 0,5% зиёдтар аст. Маблағи умумии фурӯши барқ ба ҳудуди 1,1 млрд. сомонӣ (тақрибан 230 млн. $) баробар шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат