Маъракаи интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки ба санаи 15-уми феврал таъин шудааст, бидуни алтернатива сурат мегирад, зеро ба ҷойи 9 нафар вакили хориҷшуда ҳамин шумор номзадҳо пешбарӣ шудаанд.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати вакилони маҷлисҳои маҳаллиро, ки дар интихобот ширкат меварзанд, комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо таҳия кардаанд.
«Варақаҳои овоздиҳӣ ҳам ба нашр расида, ояндаи наздик ба ҳавзаҳои интихоботӣ расонида мешаванд», – зикр кард Додоев.
Номбурда хотиррасон намуд, ки раисони нави вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ Абдураҳмон Қодирӣ, Давлатшо Гулмаҳмадов, Шодихон Ҷамшедов ва ҳамчунин раисони шаҳрҳои Кӯлоб – Абдуғаффор Раҳмонов, Турсунзода – Бобоалӣ Табаров, директори генералии ҶСК «НОБ Роғун» – Хайрулло Сафаров, президенти Академияи илмҳои ҶТ – Фарҳод Раҳимов, раисон ноҳияҳои Дарвоз – Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Рӯшон – Худоёр Худоёров қаблан бо қарори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуданд.
Ҳамаи номзадҳои пешбаришуда ба вакилӣ дар палатаи болои парлумони ҷумҳурӣ аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.
Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.
Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.
КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин кард.
Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафарро президент бо фармони худ таъин мекунад. Ғайр аз ин, собиқ президентҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқ доранд, ки давоми тамоми умр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз ин ҳуқуқи худ истифода мекунад.



