Ф.Саидов: Ташхиси ДНК 99,9% эҳтимоли падарии Зайд Саидовро муайян кард

– Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов баъзан бо изҳороти беасос ҳақмузди худро кор мекунанд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов. Зимни посух ба саволҳо дар бораи гуногунии маълумот оид ба ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимолияти падарии З.Саидов дар озмоишгоҳи «БиоПапа»-и шаҳри Маскав, ӯ зикр кард, ки дар […]

Аваз Юлдошев



– Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов баъзан бо изҳороти беасос ҳақмузди худро кор мекунанд, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.

Зимни посух ба саволҳо дар бораи гуногунии маълумот оид ба ташхиси ДНК барои муайян кардани эҳтимолияти падарии З.Саидов дар озмоишгоҳи «БиоПапа»-и шаҳри Маскав, ӯ зикр кард, ки дар парванда на даъвои эътирофи падарии З.Саидов, балки даъвои ҷабрдида дар бораи дар синни 14-солагӣ аз ҷониби Саидов содир шудани таҷовуз ба номуси ӯ баррасӣ шуд.

«Он замон адвокатҳои Саидов хоҳиш карданд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падарии З.Саидов нисбати кӯдаки даъвогар ташхиси ДНК гузаронида шавад, вале чун қонун ба адвокатҳо мустақилона баргузор кардани чунин амалҳоро манъ мекунад, мо расман ба озмоишгоҳи зикршудаи Маскав муроҷиат намудем ва расман посух гирифтем, ки эҳтимолии падарии З.Саидов 99,9% мувофиқ аст», – иброз дошт Саидов.

Дар идома ӯ қайд кард, ки ба дархости на расмӣ, балки шахсии адвокатҳо озмоишгоҳ хулосаи дигар пешниҳод кардааст. «Вале дар ин ҳолат на падари кӯдак эътироф шудани Зайд Саидов, балки ба таҷорвуз ба номус айбдор донистани ӯ муҳим аст», – таъкид дошт роҳбари Агентии зиддифасод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат