Ҳалли ниҳоии масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 6-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручейи шаҳри Сочи мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ арзи сипос […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 6-уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручейи шаҳри Сочи мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ арзи сипос карда,  доир ба муносиботи ду кишвари дӯст изҳори андеша кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва содда гардондани шароити будубош ва фаъолияти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар изҳори қаноат карда шуд.

Сарони ду давлат ҳавасмандии ҳарду ҷонибро ба густариши ҳамкории судбахш дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, илму техника ва ғайра таъкид доштанд.

Ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар – Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол  доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.