Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуда, ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуда, ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе гарму самимӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”.

Тавре зикр гардид, дар доираи ин сафар таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як зумра санадҳои нав дар назар аст. Дар доираи омодагӣ ба ин сафар мулоқотҳои сершумори дигар дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳам ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамгироии минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.