Ташкили хатсайрҳои муштараки посбонӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи давлатии ҳарду кишвар хатсайрҳои муштараки посбонӣ таъсис доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд. «Дар қаламрави деҳоти наздимарзӣ 8 хатсайри муштараки посбонии кормандони милисаи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда шуданд», – гуфтанд дар Раёсат. Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба […]

Мавлуда Рафиева



Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи давлатии ҳарду кишвар хатсайрҳои муштараки посбонӣ таъсис доданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.

«Дар қаламрави деҳоти наздимарзӣ 8 хатсайри муштараки посбонии кормандони милисаи Тоҷикистону Қирғизистон ташкил карда шуданд», – гуфтанд дар Раёсат.

Ба иттилои манбаъ, ин иқдом ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва равуои бемамониати воситаҳои нақлиёту сокинони ин деҳот ва пешгирии муноқишаҳо дар марз мусоидат мекунад.

«Кормандони масъули мақомоти милисаи ҳарду кишвар ҳамарӯза аз соати 9-и субҳ то 22-и шаб дар 3 хатсайри автомобилӣ ва 5 хатсайри пиёдагарди муайяншуда муштаракан посбонӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки чунин хатсайрҳои муштараки посбонии марз муқаррар шудаанд:

№1. «Хатсайри автомобилии «Чоркуҳ – Оқсой». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти Уртабуз – Хоҷаи Аъло – Оқсой.

№2. «Хатсайри автомобилии Сомониён-Кӯктош». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти  Зарафшон – Яккатерак – Первомайск – Кӯктош.

№3. «Хатсайри автомобилии Ворух – Оқсой». Минтақаи посбонӣ – қаламрави деҳоти Ворух – Оқсой.

№4. «Хатсайри пиёдагарди Сомониён – Кӯктош».

№5. «Хатсайри пиёдагарди Уртабуз».

№6. «Хатсайри пиёдагарди Хоҷаи Аъло – Томтумшуқ».

№7. «Хатсайри пиёдгарди Ворух – Оқсой».

№8. «Хатсайри пиёдагарди Зарафшон – Уртабуз».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.