Иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад, – назари сиёсатшиноси тоҷик

Date:


Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» – Сиёсатшиноси тоҷик, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди изҳороти раиси ҷумҳури Гурҷистон бобати аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хориҷ гардидани ин кишвар изҳори тааасуф намуда, гуфт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ин ҳолат бозгӯи воқеияти ҳаққонии вазъ дар тамоми ИДМ шуда наметавонад ва барои давлатҳои иттиҳод аҳамияти муҳимеро ҳам касб нахоҳад кард. Мавсуф мӯътақид аст, ки чунин қарор бидуни иродаи мардум қабул шудааст.




«Саакашвили ҳамеша барои фаъолияти самараноки иттиҳод ва ҳамкориҳои муфиди ҷонибҳо монеъа эҷод месохт, – гуфт ӯ. – Ман аз эҳтимоли аз ИДМ хориҷ гаштани Гурҷистон изҳори таассуф мекунам, вале пас аз таҷовуз ба мардуми кишвари хеш чунин қарори Саакашвилиро танҳо шодбош гуфтан мумкин асту халос». Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки иттиҳод ба афроде, ки террору қатли омро пуштибонӣ мекунанд, ниёз надорад.



Зимни посух ба суол дар мавриди он ки шояд Украина низ думболи Гурҷистон чунин қарор қабул намояд, С.Сафаров гуфт, ки «Украина нисбат ба Гурҷистон бо кишварҳои узви ИДМ, бахусус бо Русия робитаҳои густардае дорад, аз ин рӯ, хориҷ гаштани он аз эҳтимол дур аст».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...