Тасдиқи тағйирот ба Созишнома бо Русия дар бораи муҳоҷират

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон протокол дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 якдилона тасдиқ шуд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон протокол дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 якдилона тасдиқ шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағоева зикр кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба протоколи зикршуда санаи 29-уми октябри соли гузашта дар Маскав ба имзо расида буданд.

«Мувофиқи тағйироту илова, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни убури марзи Русия, метавонанд муддати се сол дар қаламрави Русия кор кунанд. То имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти корӣ дар Русия ба муддати як сол ҳуқуқ доштанд, ки пас аз он мебоист ҳатман муваққатан қаламрави Русияро тарк мекарданд», – иброз дошт Тағоева.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи маълумоти расмӣ, соли гузашта бо мақсади муҳоҷирати корӣ қаламрави Тоҷикистонро ҳудуди 800 ҳазор нафар шаҳрвандон тарк карда, беш аз 643 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.

Тағоева ҳамчунин изҳор намуд, ки беш аз 90%-и муҳоҷирони кории тоҷик ба сифати муҳоҷират Русияро интихоб мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.