Вохӯрии Аслов бо роҳбарони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Аввали ҳафтаи равон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо “Анҷумани сафирони Душанбе” (Dushanbe Ambassador Club) ва “Клуби иҷтимоии Душанбе” (Dushanbe Social Club) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро бо роҳбарони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни он масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо “Анҷумани сафирони Душанбе” (Dushanbe Ambassador Club) ва “Клуби иҷтимоии Душанбе” (Dushanbe Social Club) вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро бо роҳбарони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни он масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо дарназардошти омилҳои баъди соли 2014 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ доир ба дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амнияти минтақа пас аз соли 2014 маъруза намуда, иброз дошт, ки маҳз талошҳои муштараки кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид метавонад кафолати таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷӣ ба саволҳои намояндагони корпуси дипломатӣ посухҳои мушаххас дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.