Варианти санҷишии портали ҳукумати электронии Тоҷикистон

Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет варианти санҷишии портали (даргоҳ)-и ҳукумати электронии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад. Роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки портал бо суроғаи www.hukumat.tj моҳи декабри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта, варинати санҷишӣ (тестӣ) мебошад. «Портал алҳол мавриди […]

Фирӯз Умарзода



Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет варианти санҷишии портали (даргоҳ)-и ҳукумати электронии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад.

Роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Қадамҷон Сафиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки портал бо суроғаи

www.hukumat.tj

моҳи декабри соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта, варинати санҷишӣ (тестӣ) мебошад.

«Портал алҳол мавриди санҷиш ва омӯзиши коршиносон қарор дошта, паҳлӯҳои фаннӣ ва иттилоотӣ, тарзи ороиш ва дигар ҷанбаҳои он омӯхта мешаванд», – гуфт Сафиев.

Ба гуфтаи ӯ, мавриди истифода қарор гирифтани варинати ниҳоии портал ба кӯшиши гурӯҳи кории дар ин самт фаъолиятдошта вобаста буда, вале санаи дақиқи он ҳанӯз маълум нест.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон муддати чандин сол аст, ки рӯйи ҷорӣ кардани ҳукумати элкетронӣ тадбир меандешад. Дар ин самт махсус «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҶТ» аз соли 2011 ва барномаи махсуси амалисозии он таҳия шудааст.

Дар марҳилаи аввали ташаккули ҳукумати электронӣ роҳандозии сомонаҳои фаъоли интернетии корхонаву муассиаҳои давлатӣ дар назар дошта шудааст, лекин то ҳанӯз аксари муассисаҳо сомонаи расмии худро надоранд.

Чанде қабл зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Рафиқҷон Шокиров дар робита ба ин масъала изҳор намуда буд, ки «ҳукумати электронӣ соли 2025 пурра ташкил карда хоҳад шуд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.