Вазири тандурустӣ ному насабашро иваз кард



Вазири тандурустии Тоҷикистон ному насабашро ба шакли номгузории тоҷикӣ иваз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар дод, акнун Салимов Нусратулло Файзуллоевич аз рӯи ҳуҷҷатҳо Нусратуллои Файзулло номида мешавад. «Ин тасмими вазир эҳтиром қойил шудан ба расму оини миллӣ ва анъанаҳои номгузории мардуми тоҷик аст», – иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2007 пас аз ивази ному насаби худ аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба ӯ пайравӣ кунанд. Он замон як гурӯҳи муайяни мансабдорони давлатӣ ин даъватро пазируфта, ному насаби худро тағйир доданд.

Аввали моҳи январи соли равон прокурори генералии Тоҷикистон шерхон Салимзода дар як мақолаи худ дар нашрияи ҳукуматии «Ҷумҳурият» аз коҳиши рӯҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонони кишвар ва аз коҳиши ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ миёни шаҳрвандон

изҳори нигаронӣ намуд.

Пас аз ин ҷараёни ивази ному насаб ба шакли тоҷикӣ бештар тақвият ёфт.

Акнун раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев – Самӣ Шариф, директори Агентии зиддифасод Фаатоҳ Саидов – Абдуфаттоҳи Ғойиб, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофова – Гавҳар Шарофзода ва вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов – Қосими Раҳбар номида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное