Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сокини ноҳияи Конибодом ба ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум сохтани ду шаҳрванди Ӯзбекистон гумонбар дониста мешавад.
Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар таърихи 7-уми августи соли равон Ғуфрон Баротови 33-сола ба деҳаи Работи ноҳияи Конибодом меояд ва дар он ҷо ба ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон Хурсандалӣ Шерматови 37-сола ва Баҳодур Ботирови 30-сола дучор меояд. «Ӯ онҳоро ба дуздии телефонии мобилиаш гунаҳкор сохта, бо зӯрӣ вориди мошин мекунад ва ба хонааш, ба шаҳри Чкаловск мебарад, – изҳор дошт манбаъ. – Сипас онҳоро бо ресмон баста, дар мурғхона қулф мекунад ва аз хешовандони боздоштшудагон барои озодии онҳо 2 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ талаб менамояд».
Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ гаравгонон озод карда шуда, Ғ.Баротов ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.


