И.Раҳимпур: «Сангтӯда-2» ояндаи наздик ба кор медарояд

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Иброҳим Раҳимпур ба журналистон изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барқарор кардани фаъолияти нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда-2» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дипломати эронӣ ба журналистон хотирррасон кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» даҳаи аввали моҳи январ бинобар сабаби мушкилоти техникӣ қатъ карда шуд […]



Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Иброҳим Раҳимпур ба журналистон изҳор намуд, ки дар вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барқарор кардани фаъолияти нерӯгоҳӣ обӣ-барқии «Сангтӯда-2» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дипломати эронӣ ба журналистон хотирррасон кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» даҳаи аввали моҳи январ бинобар сабаби мушкилоти техникӣ қатъ карда шуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки ояндаи наздик фаъолияти нерӯгоҳ дар Тоҷикистон барқарор карда хоҳад шуд.

Шоми рӯзи 14-уми феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпурро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи гуногунҷанба ва ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуда, ба роҳҳои рушду густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар бахшҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.